Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев

    Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев <a href="https://t.
Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев
Yayın: 14 Eylül 2023 DÜNYA Google News

 

 

 

 

 

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев
14.09.2023 , шаҳри Душанбе

14 сентябр дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев, ки ҳамчун меҳмони фахрӣ дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок менамояд, мулоқот намуданд.

 

 

 

Дар рафти мулоқот маҷмӯи масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид.

 

 

 

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олимақомро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, изҳори итминон карданд, ки иштироки Роҳбари Ҷумҳурии Озарбойҷон дар кори ҳамоиши сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ омили рушди муносибатҳо байни ду кишварҳо хоҳад гардид.

 

 

 

 

 

Ҷонибҳо зимни мулоқот ба масъалаи татбиқи тавофуқоти зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон ба Тоҷикистон моҳи майи соли ҷорӣ бадастомада, таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар бахшҳои барои ҷонибҳо судманд таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

 

 

 

 

Дар рафти мулоқот, ҳамчунин, масъалаҳои алоҳидаи рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Маводҳо доир ба мавзӯъ:
Маводи дигар вобаста ба робитаҳо дар сатҳи олӣ миёни Тоҷикистон ва Озарбойҷон
facebooktwitter

kaynak:http://www.president.tj/node/31470?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter

 

 

 

 

Son Güncelleme: 14 Eylül 2023